World News

ИМА 12 афсари русро дар мудохила ба интихобот айбдор кард

Як ҳайати аршади ҳуқуқшиносони амрикоӣ 12 афсари иктишофии русро барои нақшашон дар рахна кардани компютерҳои ҳизби демократӣ ва рабудани иттилои марбут ба интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 айбдор кард. Хулосае, ки аз ҷониби муовини додситони кулли Амрико Род Розенстайн садо дод, се рӯз пеш аз мулоқоти президентони ИМА ва Русия – Доналд Трамп ва Владимир Путин содир шуд. Ду президент ба як мулоқоти рӯбарӯ дар Ҳелсинкии Финляндия омодагӣ мебинанд.


Род Розенстайн гуфт, ки исми 12 афсари низомии русро маълум кардаанд, ки дар интихобот дахолат кардаанд. Дар гузашта Кремлин ҳама гуна иттиҳомот дар бораи мудохила ба интихоботи Амрикоро рад кардааст. Ба гуфтаи Розенстайн, ин хабар аллакай ба президент Доналд Трамп расонда шудааст.

Читайте на сайте