Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Тошканд медали биринҷӣ гирифт
![Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи Тошканд медали биринҷӣ гирифт](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-801f-08dca7a3cc09_w800_h450.jpg)
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов барои ҷойи севум тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.