Дар ҳамлаи ҷангҷӯёни Покистон 70 кас кушта шудаанд
Дар Балуҷистони Покистон дар ҳамлаи ҷудоиталабони балуч 73 нафар кушта шудааст. Рӯзи 26-уми август ҷудоиталабон ба идораҳои пулис, роҳҳои оҳану мошингард ҳамла карданд. Ҷудоиталабон мегӯянд, ҳукумат ҳаққи балучҳоро нодида мегирад ва ба онҳо зулм мекунад.