Як роҳбалади сайёҳон дар ноҳияи Шуғнон ғарқ шудааст
Як роҳбалади сайёҳон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дарё афтида, ғарқ шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Файзуло Амонбоевро 28-уми август аз дарёи Шуғнон пайдо карда, ба Душанбе фиристоданд.