Мушовири Хоманаӣ: Масъулин дар ҳоли омодасозии посух ба Исроил ҳастанд
Алии Лориҷонӣ, мушовири баландпояи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, масъулини низомӣ ва сиёсии Эрон дар ҳоли омодасозии посух ба Исроил ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир роҳҳои мухталиф ва шеваи чи гуна амал карданро баррасӣ мекунанд.