Башор Асад "аз Димишқ рафт". Шӯришиён пойтахти Сурияро тасарруф карданд
Шӯришиён рӯзи 8-уми декабр вориди шаҳри Димишқ шуда, суқути ҳукумати Башор Асадро дар Сурия эълон карданд. Бо ҳамин, ба 53 сол ҳукуматдории хонадони ӯ поён дода шуд. Башор Асад аз соли 2000-ум раисҷумҳури Сурия буд. Аз он пеш, падараш Ҳофиз Асад, 29 сол бар ин кишвари Ховари Миёна раҳбарӣ кардааст.