"Рӯшноӣ, об ва лифт нест." Шикояти сокинони Душанбе аз норасоии барқ
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, маҳдудият ё “лимит”-и нерӯи барқ ба пойтахт ҳам расидааст. Ба гуфтаи бошандагони баландошёнаҳо, барқи манзили онҳо бидуни огоҳии қаблӣ ва бо реҷаи номуайян қатъ мешавад.