5 кушта ва 5 захмӣ. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамлаҳо аз Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаҳо “аз сӯйи Афғонистон” дар ду ноҳияи наздимарзиро “амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангез” номида, шадидан маҳкум кардааст. Дар ин ҳамлаҳо дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.