World News

Занозании хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Хонандагони ду мактаб дар шаҳри Душанбе бо ҳам занозанӣ кардаанд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, муноқиша рӯзи 13-уми январ миёни хонандагони мактабҳои рақами 123 ва 129 рух додааст. Ҳардуи ин мактабҳо дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Мақомот аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз ҳодиса, хонандагонии ду мактаб бар сари хариди кабӯтар ё кафтар бо ҳам занозанӣ кардаанд. Ҳодиса баъди соати дарсӣ рух додааст. Дар ин ҳодиса наврасон аз корд истифода бурдаанд. Як хонандаи мактаби рақами 129 захмдор шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мудири мактаби 129, ки хонандагонаш дар ин занозанӣ ширкат карданд гуфт, аҳволи хонандаи кордхӯрда хуб аст ва захмаш чандон вазнин нест.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтанд, дар пайи ин занозанӣ ҳадди ақал як хонандаи мактаб боздошт шудааст ва чанд хонандаи дигар бозпурсӣ мешаванд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе то ин лаҳза ҳодисаро шарҳ надодааст.

Муноқишаи наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар пайи кашокаши наврасон дар Душанбе Алӣ Раҷабов, як навраси 16-сола кушта шуд. Дар ин муноқиша як навраси дигар захмӣ ва понздаҳ нафар дастгир шуданд. Ҳамчунин шаби 11-уми январи имсол дар занозании як гуруҳи наврасон дар шаҳри Кӯлоб варзишгари 19-сола Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта шуд.

Як намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 15-уми январ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳузури наврасон дар марказҳои компютерӣ" аз сабабҳои асосии зиёд шудани занозанӣ миёни наврасон аст.

Барои пешгирӣ аз ҷанҷол байни наврасон ва кордзании онҳо, дар чанд соли охир дар мактабҳо муҳофиз гузошта шуд, рафтани наврасон ба маркази бозиҳои компютерӣ манъ шуд, садҳо падару модарро барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷазо доданд ва ҳамчунин мақомот амалиёти “Корд”-ро роҳандозӣ карда, аз боздошти наврасону ҷавонон бо корду силоҳҳои сард хабар доданд. Аммо баъди ин ҳама талошҳо боз ҳам ҷанҷолу кордкашии наврасон рух медиҳад.

Читайте на сайте