Толибон: афроди кушташуда дар марзи Тоҷикистон қочоқбар буданд
Ҳукумати Толибон хабар дод, ки ба таҳқиқи кушта шудани чор нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сар кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба сомонаи маҳаллии “Салом Ватандор” гуфтааст, “мо ин мавзуъро таҳқиқ дорем, вале маълумотҳои аввалия ин аст, ки чанд тан аз қочоқбарони одӣ ҳастанд, ки шояд маводи мухаддирро интиқол медоданд ё ягон чизи дигарро мамнуъро”.
Изҳороти сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки Неруҳои марзбонии Тоҷикистон афроди кушташударо “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” гуфта буданд. Ҳодиса 18-уми январ дар минтақаи марзии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.
Бо ин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ба Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки ҳеч гуруҳ ё фарде иҷозаи анҷоми фаъолияти шубҳанокро аз хоки Афғонистон надорад. Ваъдае, ки пештар ҳам садо дода буд, аммо дар моҳҳои ахир чанд ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон анҷом шуд.
Аз ҷумла дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллии Тоҷикистон моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.