Хадамот иддао дорад, ки суръату сифати интернет беҳбуд ёфт. Корбарон мувофиқ нестанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зиёд гардидани талабот ба интернетро дар кишвар яке аз сабабҳои паст будани суръати он арзёбӣ кард. Ба иттилои ин ниҳод дар 5 соли охир талабот ба интернет 10 баробар афзудаааст, ки ба қавли раҳбарияти хадамот дар истгоҳҳои базавӣ сарборӣ ба миён овардааст.