Раҳимзода аз диаспораҳо хост, аз "ифротӣ" шудани муҳоҷирон ҷилавгирӣ кунанд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар дархост кардааст, ки аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ намоянд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дидори вазир бо роҳбарони диаспораҳо 19-уми март дар Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, вазир Рамазон Раҳимзода ба роҳбарони диаспораҳои тоҷикон гуфтааст, сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро дар миёни муҳоҷирон "дуруст фаҳмонанд".
Вазир гуфтааст, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон "пайваста аз ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ бохабар ҳастанд".
Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия борҳо аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба вазъи онҳо шикоят карда буданд.
Дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони диаспораҳо хабарнигорони мустақил ширкат надоштанд ва барои ҳамин рӯшан нест, ки дар ин нишаст вазъи муҳоҷирон баррасӣ шудааст ё не.
Тоҷикистон аз ҷумла кишварҳои муҳоҷирфирист аст. Солона ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ барои кор ба хориҷ, махсусан ба Русия мераванд.