"Он вақт 70 сомонӣ буд, ҳоло 95 сомонӣ." Чӣ ё кӣ сабаби афзоиши нарх шуд?
Барномаи ғизои Созмони Милали Муттаҳид чанде пештар аз боло рафтани арзиши гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон хабар дод. Ин ниҳоди байнулмилалӣ дар гузоришаш оварда, ки нархи гӯшти гов дар чанде аз бозорҳои кишвар дар муқоиса ба як моҳи гузашта 13 ва як сол пеш 27 дарсад афзудааст.