"Маҷбуранд, Русияро тарк кунанд ё ҳуҷҷати қалбакӣ гиранд"
Гурӯҳе аз ронандагони "Яндекс.Такси", ки дар миёнашон муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, рӯзҳои 21 ва 22-юми ноябр дар шаҳри Маскав корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, аз рафтори корфармо, молиёт (андоз)-и зиёду пардохтҳои иловагӣ норозиянд.