"Барои Роғун". 350 миллион доллар кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба Тоҷикистон 350 миллион доллар ҷудо кард. Ҳайати мудирони бонк ин тасмимро рӯзи 17-уми декабр дар Вашингтон гирифтанд.