World News in Tajik

Соли дастовардҳо ва нокомиҳои варзишгарони тоҷик 

Мавсими варзишии соли 2024, ки барои варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ соли дастовардҳо ва нокомиҳо буд, ба поён расид.


СЕ МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС-2024


Се медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор шуданд, натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2024 мебошад.


Дар Олимпиадаи Порис-2024 аз 14 варзишгари тоҷик се нафар – Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев (-92 кг) дар риштаи бокс - бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.




Аммо натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис нисбат ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон - хеле паст аст. Варзишгарони узбек 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ), қазоқҳо 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва қирғизҳо 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд.


Ба назари коршиносон барои омодагии хубтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 зарур аст, ки барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия ва роҳандозӣ гардида, маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ихтисос дода, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.


ДУ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН БАЪДИ 17 СОЛ


Варзишгарони тоҷик соли гузашта дар ду ришта - ҷудо ва гуштии озод - дар қаҳрамонии ҷаҳон пас аз 17 сол медал ба даст оварданд. Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид.


Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.


Абдулмаҷид Кудиев моҳи октябри имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 70 кило дар шаҳри Тиранаи Албания медали биринҷӣ гирифт. Қаблан, Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон медали нуқра гирифта буд.


Абдулмаҷид Кудиев, ки зодаи Доғистони Русия мебошад, аз моҳи январи соли 2023 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.


Вале варзишгарони тоҷик соли 2024 натавонистанд дар қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медалҳои тиллою нуқра ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, то ҳоло касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.


Ҳамчунин баъди он ки гурзандоз Дилшод Назаров соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин медали нуқра гирифт, варзишгарони тоҷик дар муддати қариб даҳ сол дар риштаҳои олимпӣ ба чунин натиҷа даст наёфтаанд.


Акмал Убайдов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд доир гардид, дар вазни то 60 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай пас аз панҷ сол барои Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси Осиё медали тилло овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 дар қаҳрамонии Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.


АВВАЛИН ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ


Имсол дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи футболи тоҷик дар Ҷоми Осиё иштирок кард. Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар барпо гардид. Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар аввалин иштироки худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё то ба чорякфинал баромад, дар байни ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқот ҷойгир шуд.




Дар маҷмуъ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар панҷ бозӣ анҷом дод. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар Лубнон пирӯз (2:1) шуда, бозиро бо Чин мусовӣ (0:0) кард ва аз дастаи Қатар шикаст (0:1) хӯрд. Дар бозии даври 1/8-ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабиро (1:1, 5:3 - аз рӯйи пеналти) мағлуб намуда, бозии даври чорякниҳоиро ба тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 бохт.


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар ҷадвали гурӯҳи “G” бо ҳашт имтиёз ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.


Ҳамакнун тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок хоҳад кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми марти соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир мегардад.


Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.


НОКОМИИ “ИСТИҚЛОЛ” ВА “РАВШАН” ДАР ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ AFC-2


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2 дар гурӯҳи “С” бидуни имтиёз зинаи охирин – чаҳорумро ишғол кард. «Истиқлол» дар ҳамаи шаш бозӣ аз рақибонаш “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Сипоҳон»-и Эрон ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун шикаст хӯрд. Ин бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки қаҳрамони футболи кишвар дар мусобиқоти бошгоҳии Осиё аст.




Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар бозии охиринаш дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар гурӯҳи “А” тими «Ал-Вакра»-и Қатарро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, натавонист ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёбад. “Равшан”, ки бо се имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуд, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқоти минтақаи Ғарб маҳрум гашт.


Дар мавсими 2025/2026 Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 “Истиқлол”, қаҳрамони кишвар ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, барандаи Ҷоми миллӣ, намояндагӣ мекунанд. Аммо шуруъ аз мавсими 2026/2027 ҳеҷ кадоме аз тимҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 ширкат намеварзад ва танҳо як бошгоҳи футболи тоҷик дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё иштирок хоҳад кард.

Читайте на 123ru.net