Як зани қирғиз марди некӯкори тоҷикро меҷӯяд
Як зани қирғиз мехоҳад, паём ва изҳори сипосашро ба марди тоҷике бирасонад, ки 30 сол пеш се фарзанди ӯро аз марг наҷот додааст. Назира Алмуҳамедова, сокини 76-солаи шаҳри Токмаки Қирғизистон, рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, номи ин раҳгузарро намедонад ва умедвор аст, садои ӯро мешунавад.