World News in Tajik

Наҷоти мӯъҷизавии як мусофири ҳавопаймои ҳиндӣ

Рӯзи 13 июн дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Аҳмадобод сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо ягона мусофири наҷотёфтаи ҳавопаймои Боинг 787-и ширкати Эйр Индия ва чанде аз маҷруҳони ин садама дидору гуфтугӯ дошт.

Расонаҳои маҳаллии Ҳндустон навиштаанд, ки ин шахс шаҳванди Бритониё Ромиш Вишвошкумар аст, ки дар курсии 11А, яъне дар рӯ ба рӯи баромадгоҳи изтирорӣ нишаста буд. Мусофири наҷотёфта ба хабаргузориҳои ҳиндӣ иброз доштааст, ки бо оғози парвоз садои баланди шикасту рехтро шунидаааст.

Ба қавли Вишвошкумар, бародараш дар курсии дигари ҳамин ҳавопаймо нишаста буд ва ӯ намедонад, ки сарнавишти ӯ чӣ шудааст.

Табибон Вишвошкумарро дар байни шоҳидони ҳодиса пайдо намуда, ба шифохона расондаанд.

Дар шаҳри Лестери Бритониё бародарзодаи Вишворкумар дар суҳбат бо Рейтерс тасдиқ кард, ки бо Ромиш телефонӣ гуфтугӯ намудаанду ҳолаш хуб аст, аммо аз ҳоли бародари ҳамсафараш маълумоте надоранд.

Аҷай Валгӣ, бародарзодаи ягона мусофири наҷотёфтаи ҳавопаймои ҳиндӣ гуфт:

"Мо аз ин ҳодиса хеле озурда ҳестем. Сабаб танҳо ин нест, ки бародари мо онҷо буд. Дар ҳавопаймо 242 каси дигар нишста буданд. Ин хабар воқеан хабари хуб нест."

Ҳавопаймои хатсайри Эйр Индия-171 , ки аз Аҳмадобод ба Лондон ҳаракат мекард, баъди чанд дақиқаи оғози парвоз ба хобгоҳи коллеҷи тиббии ин шаҳри ғарбӣ бархӯрда оташ гирифт.

Дар наворҳои бойгонӣ дохили ҳавопаймои суқутнамуда нашр шудааст. Мақомоти ҳавонавардии Ҳиндустон мегӯянд, ин бузургтарин фоҷеаи даҳсолаҳои ахир будааст. Ба қавли полиси маҳаллӣ ҳавопаймои мусофирбар бо 242 сарнишин ба хобгоҳ бархӯрда, ҳаёти камаш 290 нафарро аз байн бурд.

Мақомоти ҳиндӣ бо афроди дар замин зиёндида ҳам мулоқот кардаанд.

Читайте на сайте