World News in Tajik

Боздошти як афғонистонӣ дар Амрико ба иттиҳоми ҳимоят аз ДОИШ

Вазорати амнияти дохилии Амрико мегӯяд, ки як афғон бо номи Ҷоншоҳ Софиро ба иттиҳоми ҳимоят аз "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ боздошт кардааст.

Вазири амнияти дохилии Амрико рӯзи 4 декабр дар эъломияе гуфт, ки ин фард аз сӯи масъулини бахши таҳқиқотии амнияти дохилӣ дар аёлати Вирҷиния боздошт шудааст.

Дар эъломияи ин вазорат омадааст, ки Ҷоншоҳ Софӣ барои падараш низ аслиҳа фароҳам кардааст. Бар асоси эъломия, падари Софӣ фармондеҳи гурӯҳи ниманизомӣ дар Афғонистон аст.

Дар идома омадааст, ки Софӣ дар 8 сентябри соли 2021 аз тариқи барномаи "Амалиёти истиқбол аз муттаҳидон"-и ҳукумати Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико, вориди Филаделфия дар аёлати Пенсилвания шуда буд.

То ҳанӯз хонавода ва наздикони Софӣ дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Чанд рӯз пеш мақомоти Амрико аз боздошти ду афғони дигар, Раҳмонуллоҳ Лаканвол ва Муҳаммаддовуд Алакузай низ хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Лаканвол дар 26 ноябр ба сӯи ду сарбози Горди миллии ИМА дар Вашингтон тирандозӣ кард, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба ҳалокат расид.

Алакузай муттаҳам аст, ки ӯ дар "Тик Ток" таҳдид карда буд, ки бо сохтани бомба,як биноро дар Техас метарконад.

Читайте на сайте