World News in Tajik

Саудӣ мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ созад

Як ширкати арабистонӣ мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.

Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ширкати ACWA Power музокирот бо Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Сафир умедворӣ кард, ки ин ширкати арабистонӣ дар ояндаи наздик барои насби истгоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Ҷузъиёти бештар дар бораи музокироти ширкати ACWA Power бо мақомоти Тоҷикистон феълан маълум нест.

ACWA Power яке аз ширкатҳои бузургтарини тавлиди нерӯи барқ дар Арабистони Саудӣ аст, ки дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Узбекистон кор мекунад.

Дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мақомот талош доранд тавлиди барқро аз дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунанд. Феълан бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад.

Дар давраи тирамоҳ ва зимистон беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба камбуди шадиди барқ рубарӯ мешаванд ва сабабаш ба гуфтаи мақомот кам шудани воридоти об ба обанборҳо аст. Бархеҳо ба ин ҳарфҳо шубҳа доранд.

Читайте на сайте