World News in Tajik

Ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт

Фатҳулло Абдуллоев ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаи тоҷик маъруф бо тахаллуси саҳнавии Коно дар сини 67-солагӣ даргузашт.

Нарзулло Абдуллоев бародари Фатҳулло Абдуллоев рӯзи 4-уми январ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум аз ду рӯз қабл аз зиёрати Ҳаҷ баргашта буд.

“Дар аснои зиёрати ҳаҷ бемор шуда дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча (стент) гузоштанд ва ба ҳуш омада ва ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд”, гуфт ӯ. Фатҳулло Абдуллоев ду се соли ахир бемор шуда буд.

Фатҳулло Абдуллоев солҳои 90-ум дар Тоҷикистон шӯҳрат ёфт Ӯ нахуст дар театри “Ҷавонон”, “Аҳорун” ва баъдан дар гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” фаъолият дошт. Ӯ дар чандин филмҳо аз ҷумла “Хобҳои апрелӣ”, “Ишқи ман –инқилоб”, “Биҳишт фақат барои мурдангон”, “Дарди ишқ” нақш офаридааст.

Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшҳояш дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ бо тахаллуси Коно мешиносанд.

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи маъруф дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст: "Додаракам, Ҳоҷӣ Фатхулло Абдуллоев, (Коно), дар давоми умри на чандон тӯлонии худ, бо хандаи беғаши худ, ширинсухании худ ба ҳар хонае, ки медаромад, гӯё бо худ баҳор меовард... Инак, ҳоло ӯ ба Ҳақ пайвастааст..."

Хабар ба зудӣ такмил мешавад, бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Читайте на сайте