World News in Tajik

Туман боиси ба таъхир афтодани парвозҳо ба Душанбе шуд

Фаромадани баҳман (туман) -и сахт боиси қатъи муваққати парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шудааст.

Бино ба маълумоти онлайн-таблои фурудгоҳ, субҳи 6-уми январ шаш парвоз аз Русия ва Узбекистон ба таъхир афтода, як парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав бекор шудааст.

Маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай барқарор мешаванд.

Пеш аз ин рӯзи 24-уми декабр ҳам дар пайи фаромадани туман парвозҳо ба фурудгоҳи Душанбе барои чанд соат қатъ шуда буд. Дар он рӯз ҳавопаймои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам, ки аз Маскав ба Душанбе меомад маҷбур шуд дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд ояд. Раиси ҷумҳур баъди пароканда шудани туман ба пойтахт баргашт.

Читайте на сайте