World News in Tajik

Эмомалӣ Раҳмон як додраси дигарро аз кор рондааст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо имзои чандин амру қарор се муовини вазири корҳои хориҷиро дигар карда ва чандин додрасро ҳам аз мақомҳояшон озод ва ба ҷойи онҳо дигар касро таъйин кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми январ бо афроде, ки мансаб гирифтаанд, суҳбат карда ва аз онҳо хостааст, ки “софдилона ва бовиҷдони пок” хидмат кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон 22 додрасро ба вазифаҳои нав таъйин карда, вале Саидхоҷа Шарифзода, як додраси додгоҳи Роғунро "барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад" аз мақомаш барканор кардааст. Аз ин пеш дар рӯзи 4-уми январ Мирзо Одиназода, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанберо аз мақомаш барканор кард. Дар гузашта додрасҳоеро, ки бо сабаб аз кор рондаанд, ба ришвахорӣ муттаҳам кардаву ҷазо ҳам додаанд.

Моҳи январ ва феврал маъмулан мавсими барканорӣ ва ба мансабҳои нав таъйин кардани мансабдорон дар ҳукумати Тоҷикистон аст. Мунтақидон мегӯянд, бештари афрод бо назардошти садоқати шахсӣ ба президент аз як вазифа ба вазифаи дигар мегузаранд.

Читайте на сайте