Идомаи саркӯбҳо дар Эрон ва вокуниши ҷаҳониён
Мавҷи вокунишҳо ба эътирозҳои ахир дар Эрон ва саркӯби норозиён аз сӯи мақомоти қудратӣ идома дорад. Нахуствазири Суид ё Швейсария рӯзи якшанбеи 11-уми январ дар шабакаи X (Твиттер) навишт, “гузориши даҳшатнок аз Эрон дар бораи кушта шудани эътирозгарон нашр шудааст. Мо ҳаргуна истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарони мусолиматомезро маҳкум мекунем”.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони милал ҳам эълом кард, ки аз гузоришҳо дар бораи “хушунат ва истифодаи зӯр тавассути мақомҳои эронӣ алайҳи эътирозгарон”, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар гардид, ваҳшатзада шудааст. Гуттериш хостори барқарор кардани хатти интернет дар Эрон ва дастрасӣ ба иттилоъ шуд.
Эътирозҳо дар Эрон, ки бо далели боло рафтани нархҳо ва паст шудани қурби миллӣ сар зад, беш аз ду ҳафта аст, ки идома дорад. Мақомоти Эрон интернетро дар кишвар қатъ карда, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба саркӯби бераҳмонаи норозиён идома медиҳанд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост, рӯзи 11-уми январ гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои 15- рӯзи охир 544 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи созмон, дастикам 10,061 нафар боздошт шудааанд. Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо ба далели қатъи дастрасӣ ба интернет дар Эрон ғайриимкон аст.