World News in Tajik

Дар Қазоқистон беш аз ду ҳазор зиндониро афв карданд

Дар Қазоқистон ба муносибати 30-солагии Конститутсия кишвар афви маҳбусон сурат гирифт. Ба иттилои Кумитаи ВКД Қазоқистон оид ба низоми маҳбасҳо, бар асоси қонуни нави афв, беш аз 2 ҳазор маҳбус муассисаҳои ислоҳии ин кишварро тарк карда, ба озодӣ баромаданд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар умум додгоҳҳои кишвар аризаи 16 ҳазор зиндониро барои афв баррасӣ карда, дар натиҷа, барои 11 ҳазор маҳбус мӯҳлати зиндонро коҳиш додаанд. Дар идораи зиндонҳои Қазоқистон гуфтанд, ки дар навбати аввал афроди аз ҷиҳати иҷтимоӣ заъифи мисли ноболиғон, занони кӯдакдор, занони ҳомиладор, пиронсолону маъюбон мавриди афв қарор гирифтанд. Ҳамаи озодшудаҳо таҳти назорати ходимони полис хоҳанд буд.

Мақомот таъкид карданд, ки афв нисбати онҳое татбиқ шуд, ки ҷиноятҳои сабук содир карда, онҳое, ки аз рӯи парвандаҳои вобаста ба хушунатҳои сангин, коррупсия, терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои ахлоқӣ, шиканҷа ва ҷиноятҳои такрорӣ ҳабс шудаанд, афв намешаванд. Қонуни афвро президент Қосимҷомарт Тоқаев ҳанӯз тобистони соли 2025 имзо карда буд.

Читайте на сайте