World News in Tajik

"Ҷасадҳоро намедиҳанд". Дидаву шунидаҳои мусофирони аз Эрон омада

Дар шароите, ки мақомоти Эрон интернетро қатъ қарданд ва ҳеҷ тамосе бо дохили кишвар нест, мардум дар чӣ вазъе қарор доранд? Аксари мусофироне, ки нисфирӯзии 15-уми январ аз шаҳри Теҳрони Эрон ба Душанбе расиданд, дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, вазъ дар кишвар нигаронкунанда аст.Ҳамкорони мо Иршод Сулаймонӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ ба пешвози мусофирони ҳавопаймои самти Теҳрон-Душанбе рафтанд, ва аз онҳо дар бораи ҳоли мардум дар ин кишвар пурсон шуданд.
Зани эронӣ дар фурудгоҳ:
- Вазъ ҳануз одӣ нашуда, мусалламан иттифоқе ба назарам бояд биуфтад, чун ҳама мунтазиранд ва ҳама дар воқеъ азодоранд. Ҳама касони кушташудаашонро суроғ доранд.- Ҳанӯз тазоҳургарон дар хиёбонҳо зиёд аст?
-На, нерӯҳои зиддишӯриш, ҳамашон бо калашникуф мусаллаҳ ва бо туфангҳои ҷангӣ дар хиёбонанд.
- Дар расонаҳо хабарҳои даҳшатангезе дар бораи кушташудаҳо аст, дар воқеъ зиёданд?
- Бисёр зиёд, бисёр зиёд. Ҷанозаҳоро ҳам намедиҳанд. Бештар ҳаст, 12 ҳазор. Мағозаҳо кор мекунанд, вале баъди зуҳр соати ду ба се мебанданд, ки хатар надошта бошад. Вале ҳозир дигар назорат сахт шуда, шаҳр ором аст.
- Аз бастагони шумо касе зарар надид?
- На, Худоро шукр. Вале касонеро мешиносем, ки бисёр бастагонашонро ҳам дастгир кардаанд ва ҳам кушта шуданд.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Теҳрон омадааст:
- Мо надидем вазъиятро, фақат дар беморхона будем. Фаҳмидем фақат.
-Интернет кор мекунад?
-Тамоман, як ҳафта шуд, ки тамоман кор намекунад. Занг зада нашуд ягон хел.
- Худи духтурон дар бораи вазъият чӣ мегуфтанд?
-Мегуфтанд хуб мешаваду маълум набуд.
- Хабарҳо ҳаст, ки одами биёреро куштаанд?
- Ин чизро дидагӣ нестем.


Марди эронӣ дар фурудгоҳ:
- Иншоаллоҳ, ки ҳама чӣ дуруст бишавад. Феълан авзоъ ором аст. Интерент феълан қатъ аст. қавл доданд, кӣ чанд рӯзи оянда васл бишавад.
-Кушташудаҳоро ба чашми худ дидед?
-Ман, шахси худам чизе надидам, вале эълом мекунанд. Мисли ин ки кушта ҳам доштем, бале, мутассифона.- Ҳамин шабу рӯзҳое, ки шумо омадед, авзоъ дар худи Теҳрон чӣ тур аст?
-Дар ҳоли ҳозир, авзоъ ором аст, таҳти контроли неруҳои амниятӣ аст.
- Шумо ин ҷо бо масруфияте омадед ё аз авзоъ фирор кардед?
-На, на, Мо ин ҷо барои анҷоми як коре, як маъмурияте омадем. Як кори шахсӣ дорам.-Ҳоло парвозҳо тибқи маъмул аст ё кадом тағйироте аст?
- Дишаб мисле, ки парвозҳо лағв шуда буд, вале хушбахтона субҳ парвозҳо барқарор шуд. Дар шаҳр нерӯҳои амниятӣ зиёд шудаанд, рафту омади мардум ҳам ҳаст.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷазири Кеш омадааст:
- Воҳимае, ки карданд инхелӣ набуд, фақат интернетро куштанд, ҳамин қадар кор карданд, вале роумингомон кор мекард.
-Бо хона тамос доштед?
- Бале, фақат бо смс.
- Шаҳрвандони Тоҷикистон бисёранд он ҷо?
-Не, ҳамин дар Кеш буданамон 100 ё 110 кас будем. Тарс набуд.
Марди эронӣ, ки аз Теҳрон омад:
- Тазоҳурот кам шуда. Пулису нерӯҳои амниятӣ зиёданд.
- Таъқиб мекунанд хона ба хона?
- На, таъқиб нест, фақат дар хиёбонҳо.
-Мегӯянд масоҷиду бонкҳову муассисот зиёд ба оташ кашида шуданд, Инҳоро дидед?
-Оре, масҷид буда, оре. Ҷойҳои дигар ҳам буд. Мошину ин чизҳо ҳам буд. Бонкро надидам, аммо мошини пулис, оре.Ҷавони эронӣ, дар фурудгоҳи Душанбе:
-Расонаҳо бисёр дурӯғ мегӯянд.
-Масъалан дар бораи кушта шудани 4-5 ҳазор сухан меравад.
-На-на, ин гапҳо воқеияте надорад.-Ҳоло ки шумо омадед, вазъ чӣ гуна буд.
-Хеле хуб буд, мушкиле надоштем. Ҳама чи тибқи ривол буд. Мо аз Мозандарон омадем. Аз шимол то Теҳрон.
-Дар шимол ҳам тазоҳурот буд?
- Дар ҳадди як эътироз буданд. Он чизе, ки расонаҳо бузургаш карданд, набуд.

Читайте на сайте