World News in Tajik

Марги ду наврас аз дуди ангишт

Як духтари 15-сола дар шаҳри Ваҳдат аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса 14-уми январ рух дар деҳаи Зарафшон рух додааст.

Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Ваҳдат 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, духтари ҳалокшуда ҳамроҳи хоҳараш дар утоқ мехобиданд ва шабона аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. «Апаашро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурданд ва аҳволи ӯ хуб аст», - гуфт манбаъ.

Ин ягона ҳодисаи заҳролуд шудани сокинон дар як ҳафтаи ахир нест. Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, рӯзи 8-уми январ аъзои як оила дар ноҳияи Айнӣ ҳам аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Дар ин ҳодиса як духтари 4-сола ба ҳалокат расидааст.

Дар Тоҷикистон, ки сокинон дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, мардум маҷбур мешаванд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд. Тақрибан ҳар сол сокинон дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон медиҳанд.

Читайте на сайте