"Медонанд, ки рақобат нест." Jura бо таксиҳои Душанбе чӣ кор кард?
Баъзе аз ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки баъди барҳам додани аксар ширкатҳои таксиронӣ ва пайвастани онҳо ба барномаи "Ҷӯра" корашон мушкилу серхарҷ шудааст. Онҳо мегӯянд, чунин омил, яъне пойбанди як барнома кардани хадамот ба кори онҳо таъсири манфӣ гузошт.