Боздошти корманди комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи як корманди комиссариати ҳарбиро ба додгоҳ фиристодааст.
Файзализода Ф, сардори шӯъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба гирифтани пора ва баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, муттаҳам шудааст.
Назари Файзализода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонсии зидди фасод 19-уми феврал дар хабарномае навишт, ин корманди комиссариати ҳарбӣ моҳи октябри соли гузашта аз волидайни ду ҷавон барои озод намудан аз артиш дар умум 10 ҳазор доллар пора гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, Файзализода дар вақти гирифтани пора дастгир шуда, парвандааш ба додгоҳ фиристода шудааст.
Маълум нест, ки ин корманди пешини комиссариат дар додгоҳ то куҷо ба гуноҳаш иқрор шудааст.
Ин бори аввал нест, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки масъули даъвати ҷавонон ба артиш ҳастанд, бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд.