World News in Tajik

Гузориши расонаҳои ғарбӣ аз эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба Эрон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 19-уми феврал эълон кард, ки давоми 10 рӯзи оянда тасмими Иёлоти Муттаҳида дар бораи Эрон маълум мешавад.

Трамп дар нахустин нишасти "Ҳайати сулҳи Ғазза" гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд ба як тавофуқи хуб бо Эрон даст ёбад, дар ғайри сурат иттифоқи баде рух хоҳад дод.

Дар айни ҳол раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки "дар тӯли солҳо собит шудааст, ки расидан ба як тавофуқи маънодор бо Эрон кори осон нест".

Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи 18-уми феврал раиси ҷумҳури Амрико бо мушовирони худ дар бораи буҳрон бо Эрон гуфтугӯ кард.

Дар пайи ин шабакаҳои CNN ва CBS гузориш доданд, ки артиши Амрико мумкин аст то чанд рӯзи дигар омодаи ҳамла ба Эрон шавад. Бо ин ҳол расонаҳо гузориш додаанд, ки Доналд Трамп дар мавриди Эрон ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Пештар пойгоҳи Axios гузориш дода буд, ки агар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба талабҳои Амрико розӣ нашавад, Доналд Трамп якҷоя бо Исроил метавонанд дар ҳафтаҳои наздик ҷангро алайҳи Эрон оғоз кунанд.

Дар ҳафтаҳои ахир Иёлоти Муттаҳида барои фишор ба Эрон нерӯҳои зиёди низомӣ, аз ҷумла чанд киштии ҳавопаймобарро ба Халиҷи Форс фиристодааст.

Читайте на сайте