World News in Tajik

Додраси пешин бо иттиҳоми порагирӣ чор сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Самандари Қаландар, додраси пешини ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро бо иттиҳоми гирифтани пора чор сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи олӣ 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳукм аввали моҳи феврал содир шуда, додраси пешин аз болои он шикоят накардааст. Назари Самандари Қаландар ва наздиконаш ба ҳукм маълум нест ва талошҳои мо барои пайдо кардани назари онҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ гуфт, додраси пешин аз ҳукми содиршуда нисбаташ "қаноатманд аст".

Самандари Қаландар рӯзи 17-уми декабри соли 2025 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақом ронда шуд. Сабаби барканории ӯро кирдоре донистанд, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Рӯзи 23-юми феврал Оҷонсии мубориза бо фасод дар хабарномае навишт, ин додраси пешин ба гирифтани 75 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам шудааст. Дар ҳоле, ки назари Самандари Қаландар ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест, Оҷонси мубориза бо фасод гуфтааст, ӯ моҳи октябри соли 2025 барои сабук кардани ҷазои як шахс "пора" талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Самандари Қаландар "дар утоқи корияш, бори аввал 50 ҳазор сомонӣ ва бори дуюм 25 ҳазор сомонӣ гирифт."

Дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас кор мекунанд. Дар бештар аз даҳ соли гузашта зиёда аз сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми ришвагирӣ боздошт ва бархе зиндонӣ шуда ё бо пардохти ҷарима озод гардидаанд.

Читайте на сайте