World News in Tajik

Амрико қасдан ҳадаф қарор додани як мактаб дар Эронро рад кард

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз он, ки расонаҳои давлатии Эрон аз кушта шудани беш аз 160 нафар дар ҳамла ба як мактаби ибтидоии духтарона дар шаҳри Миноб дар вилояти Ҳурмузгон хабар доданд, гуфт, ИМА "қасдан як мактабро ҳадаф қарор намедиҳад".

Ин ҳамла, ки рӯзи аввали ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон нисбат дода шуд, маргбортарин ҳодисаи гузоришшуда дар ин даргириҳо гуфта мешавад. ЮНЕСКО ва Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Марко Рубио гуфт, ки дар сурати дурустии гузоришҳо, Вазорати ҷанги Амрико мавзуъро баррасӣ хоҳад кард ва Фармондеҳии марказии Амрико низ эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳои вобаста ба "осеб ба ғайринизомиён" аст.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", Роземари де Карло, намояндаи вижаи СММ дар умури эҷоди сулҳ низ ин гузоришро "бисёр фоҷеавӣ" хонд, аммо гуфт, ҷузъиёти мустақиле дар даст нест.

Сафири Исроил дар СММ ҳам эълон кард, гузоришҳои гуногунро дар бораи омили ҳамла дидааст, аз ҷумла иддао кард, ки Сипоҳи посдорон дар ин ҳодиса нақш доштааст.

Хабаргузории "Рейтерз" таъкид кардааст, ки натавонист ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.

Читайте на сайте