Бепарвоӣ, гурез аз суол ва талаби мансабдорони тоҷик аз хабарнигорон
Аз як мавсими нишастҳои хабарӣ то дигараш шеваи бархӯрди мансабдорони тоҷик ба суолҳои хабарнигорон тағйир меёбад. Акнун ҷиддият камтар дида мешавад ва ҷойи онро бепарвоӣ, гурез аз суол, баҳонаҷӯӣ ва талаби ошкорои суол надодан мегирад.