Узбекистон 25 ҳазор шаҳрвандашро аз Ховари Миёна берун овард
Мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки то 10 март беш аз 25 ҳазор шаҳрванди ин кишварро аз Ховари Миёна баргардонидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, зиёда аз 21 ҳазор нафарро аз Арабистони Саудӣ, беш аз 3 ҳазор кас аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, 47 нафар аз Эрон ва 344 касро аз Қатару 28 нафар аз Баҳрайну Умон берун оварда шуданд.
Бозгардонидани шаҳрвандони Узбекистон тариқи кишварҳое сурат гирифтаст, ки ҳарими ҳавоияшон боз буд.
Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврал ва зарбаҳои ҷавобии Теҳрон, парвозҳои мунтазам ба Баҳрайну Кувайт, Сурияву Ироқ ва Эрону Қатару Исроил номумкин шуд. Барои овардани шаҳрвандони бандмонда, кишварҳои Осиёи Марказӣ парвозҳои махсус ё чартерӣ ташкил ба роҳ монданд.
Дар ин муддат садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз кишварҳои арабӣ ва Ховари Миёна ба ватан оварда шуданд.
Ахиран мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки сар аз 10 март парвозҳои рафту бозгашт ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб имконпазир шудааст ва ҳавопаймоҳо метавонанд бо риояи талаботи бехатарӣ парвоз анҷом диҳанд.