World News in Tajik

Швейсария сафораташро дар Эрон муваққатан баст

Вазорати корҳои хориҷии Швейсария рӯзи 11 март эълон кард, ки бинобар идомаи ҷанг дар Ховари Миёна ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, сафорати худ дар Теҳронро муваққатан мебандад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар эъломияи ин вазорат гуфта шудааст, ки Швейсария бо машварати ду кишвар, ба ҳифзи хати иртиботи боз байни Амрико ва Эрон идома хоҳад дод.

Ҳукумати Олмон ҳам ба далели таҳдидҳои амниятӣ аз даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна, кормандони шуморе аз намояндагиҳои дипломатии худ дар минтақа, аз ҷумла, Эрон ва Ироқро коҳиш додааст.

Як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳам рӯзи 11 март ба як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "кормандони ин намояндагиҳои Олмон бинобар вазъияти таҳдидомези феълӣ, муваққатан коҳиш дода шуданд", аммо ӯ нагуфтааст, ки ин афрод ба куҷо ва ё кадом кишвари дигар мунтақил шудаанд.

Бӯҳрон дар Ховари Миёна, ки рӯзи 28 феврал бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд ва ҳанӯз ҳам идома дорад ва ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон шуморе аз кишварҳо дар Ховари Миёнаро ҳадаф қарор додааст.

Читайте на сайте