ИМА имкони ирсоли нерӯҳоро ба Эрон арзёбӣ мекунад?
Чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад намуд, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.