World News

Хонаводаи Додхонов ба ташхиси ҷасади писараш ва оилаи ӯ иҷозат надод

Ҷасади  соҳибкори тоҷик Бихтиёр Додхонов се узви оилаи ӯро, ки дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ёфт шуд,  дар ҳамин шаҳр ба хок супурданд. Наздикони Бахтиёр Додохонов мегӯянд, ки ба ташхиси ҷасадҳо иҷоза надодаанд.


Онҳо рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади ин соҳибкори тоҷик ҳамроҳ бо оилааш дар шаҳри Мадина  ба хок супорида шуд.


Қаблан чаҳор намояндаи хонаводаи Додохоновҳо барои иштирок дар санҷиши тиббии ҷасади соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонов ва зану ду писараш ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.


Ҷасади ин чаҳор нафар рӯзи 5-уми март дар ҳуҷраи меҳмонхонае дар Мадина ошкор шуд.


Бахтиёр Додохонови 35-сола соҳибкор буд ва барои Ҳаҷҷи Умра дар Мадина қарор дошт. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) низ буданд, ки ба ҳалокат расиданд.


Наздикони Бахтиёр Додохонов мегӯянд, барои бозкушоии ҷасадҳо ё анҷоми амалиёти колбадшиносӣ ба мақомоти Арабистони Саудӣ иҷоза надодаанд. Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, мақомоти Саудӣ ба онҳо гуфтаанд, ки натиҷаҳои пешакии марги Бахтиёр Додохоновов ва оилаашро то як моҳи дигар эълон хоҳанд кард.


 

Читайте на сайте