World News

Дуҷинсаҳои Покистон баъди кушта шудани як зан аз ҳукумат кӯмак хостанд

Даҳҳо мардуми дуҷинса ё трансгендери Покистон, баъди куштор ва пора шудани ҷасади як ҳамтои онҳо дар Пешовар, бо талаби таъмини амнияти худ намоиши эътирозӣ баргузор карданд.


Тазоҳургарон рӯзи 20 август дар назди "Press Club"-и Пешовар ҷамъ омада, шиор доданд, ки "Мо ҳимоят мехоҳем. Мо эҳтиром ва ҳуқуқ мехоҳем". 


Рӯзи 16 август, як зани дуҷинса бо номи Назо дар ҷараёни туйе бо тир кушта ва сипас ҷасадаш пора карда шуд.


Яке аз ду гумонбари ҳамла субҳи барвақти 17 август бо халтаи ҳомили пораҳои бадани ин зан, ки ӯ эҳтимол мехост онҳоро нобуд кунад, боздошт шуд.


Фарозона Ҷон, раиси Созмони Трансгендерҳои Покистон мегӯяд, ки  аз соли 2015 ба ин тараф 62 дуҷинса дар вилояти шимолу ғарбии Хайбар Пахтунхва кушта шуд. Ба гуфтаи Фарзона Ҷон танҳо дар соли мардуми дуҷинсаҳо 487 дафъа мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Читайте на сайте