World News

Ҳалокати 55 нафар дар низоъи пайравони ду дин

Дар муноқишаҳои мазҳабӣ дар яке аз вилоятҳои шимолии Нигерия дар чанд рӯзи гузашта 55 нафар кушта шудаанд. Аҳмад Абдураҳмон, сардори раёсати пулиси вилояти Кадуна рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки муноқиша дар шаҳри Касувон Маганӣ сурат гирифт ва 22 нафар барои даст доштан дар хунрезӣ дастгир шуданд.


Дар ин шаҳр қуюди шабгардӣ эълом карданд. Ба гуфтаи матбуоти Нигерия, муноқиша дар байни намояндагони ду мазҳаб аввал рӯзи 18-уми октябр ва дар як бозор сар задааст.


Нагуфтаанд, ки пайравони кадом дин бо ҳам ҷангидаанд, вале дар гузашта Кадуна шоҳиди даргирӣ миёни аҳолии мусулмон ва насронии вилоят шудааст.

Читайте на сайте