Ҳафт низомии исроилӣ дар Ғазза кушта шуданд
Мақомоти интизомии Исроил гуфтанд, ки ҳафт низомӣ, аз ҷумла, як афсар ва шаш сарбоз рӯзи сешанбе дар ҷануби навори Ғазза ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороти артиши Исроил аз рӯзи 25 июн гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар як ҳодисаи ҷудогона, чандин сарбози дигар дар навори Ғазза захмӣ шудаанд. Хабаргузории "Рейтерз", бо такя ба расонаҳои исроилӣ навишт, ин ҳафт низомии исроилӣ дар шаҳри Хон Юнус бар асари бомбагузорӣ шудани васоили нақлиёти онҳо, ки дар оғоз таркид ва сипас оташ гирифт, ба ҳалокат расиданд. Читать дальше...