World News in Tajik

Ба қатл маҳкум шудани як зан барои узвият дар ДОИШ

Додгоҳи Ироқ як зани марокашитабор ва шаҳрванди Олмонро барои пайвастан ба гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба қатл маҳкум кард.


Абдулсатор Байрақдор, сухангӯи додгоҳ рӯзи 21-уми январ гуфт, ки хонуми олмонӣ дар ҳамлаҳо ба зидди нерӯҳои амниятӣ ширкат дошта ва ба ҷангҷӯён кӯмакҳои икмолотӣ мерасонидааст.


Ному насаби занро эълон накарданд, вале гуфтанд, ки ҳақ дорад, ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Зани олмониро соли гузашта ҳангоми амалиёт барои озод кардани шаҳри Мосул дастгир кардаанд.


Ба гуфтаи Байрақдор, ӯ дониста ҳамроҳи ду духтараш аз Олмон ба Сурия ва аз онҷо ба Ироқ омадааст. Ҳарду духтарашро ҷангҷӯён ба занӣ гирифтаанд.  Нерӯҳои Ироқ бо поксозии қаламрави кишвар аз ҳузури гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ чанде аз занони хориҷии узви ДОИШ-ро дастгир кардаанд.

Читайте на сайте