World News in Tajik

Саге дар Русия ба сӯи соҳибаш тир кушод ва ӯро ба ҳалокат расонд

Муфаттишон дар Русия ҳалокати як марди шикорчиро бозҷӯӣ мекунанд, ки ба бовари онҳо сагаш тасодуфан ба рӯи куланг по гузошта ба сӯи соҳибаш тир холӣ кардааст.


Ин марди 64-сола аз вилояти Саратов рӯзи 21 январ ҳамроҳ бо бародараш ба шикор рафта буд ва ӯ дар ҳоле тир хурд, ки сагашро аз "багажник"-и мошин сар дод, - мегӯяд бахши маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия.


"Куланг эҳтимолан фаъол буд ва ҳангоми берун ҷаҳидани саг аз мошин пойи ӯ ба куланг бархурд ва тир берун омад",- омадааст дар изҳороти Кумитаи тафтишот.


Марди шикорчӣ дар роҳ ба суи бемористон ҳалок шуд.


Дар изҳорот омадааст, ки гурӯҳи тафтишот дар чӣ шароит тир хурдани шикорчиро бозҷӯӣ мекунад.


 

Читайте на сайте