World News in Tajik

Опра Уинфрӣ иштирокашро дар интихоботи ояндаи Амрико рад кард

Ситораи телевизиони Амрико Опра Уинфӣ гуфт, ки ният надорад  соли 2020 дар интихоботи раёсати ҷумҳур иштирок кунад. Дар ин бора Уинфрӣ ба маҷадллаи InStyle сӯҳбат дод.


Эҳтимоли иштироки Опра Уинфрӣ дар интихоботи ояндаи президентӣ аввали моҳи январ, баъди суханронии ӯ дар маросими супурдани ҷойизаи "Golden Globe", дар матбуот матраҳ шуд. Дар ин маросим ситораи телевизион аз ҷумбиши зидди озори ҷинсӣ пуштибонӣ намуд ва бо эҳсос дар бораи баробарии ҷинсӣ ва нажодпарастӣ сӯҳбат кард. 


Опра Уинфрӣ, яке аз машҳуртарин ситораҳои телевизионӣ дар Ийолоти Муттаҳида аст. Пахши намоишҳои ӯ 20 сол пеш оғоз шуд ва баъдан Уинфрӣ шабакаи хусусии телевизионӣ таъсис дод. Баъди суханронии ӯ дар маросими "Golden Globe" ҳэштеги #Oprah2020  ва  #OprahForPresident" дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.


Ҳунармандони шинохта ба монанди Том Ҳенкс, Мэрил Стрип ва коргардон Стивен Спилберг аз пешбарии номзадии ӯ пуштибонӣ карданд. Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки рақобат кардан бо Опра Уинфрӣ "бисёр шавқовар мешуд".

Читайте на сайте