World News in Tajik

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул дастикам 26 нафарро қурбон кард

Ҳамлаи интиҳорӣ дар беруни масҷиди Кобул дастикм 26 кушта бар ҷой гузошт ва 18 нафарро захмӣ кард. Ҳодиса рӯзи 21 март ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора Вазорати дохилии Афғонистон хабар дод.


Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари қурбониҳо шаҳрвандони мулкӣ буданд. Ин ҳамала дар ҳоле ҷараён гирифт, ки мардум дар пойтахти Афғонистон Наврӯз - соли нави форсизабонҳоро ҷашн мегирифтанд. 


Ба гуфтаи Муҳаммад Салим Алмос -раҳбари бахши Вазорати дохилӣ дар умури бозҷӯии ҷиноятҳо, пулис ҳамлаварро пеш аз он ки ба ҷашнгоҳи серодами масҷиди Сахӣ ворид шавад, ошкор кард. Ҳамлагари интиҳорӣ бомбаро қабл аз ворид шудан ба базмгоҳ тарконд. Алмос аз ин нигаронӣ кард, ки теъдоди кушташудаҳо метавонад афзоиш ёбад.

Читайте на сайте