World News in Tajik

Ҳалокати 15 корманди амниятии афғон дар ҳамлае дар Қундуз

Бар асари ҳамлаи толибон ба як постгоҳи нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дасти кам 15 тан аз кормандони амниятии афғон кушта шуданд. Амонуллоҳ Ойиддин, як узви шӯрои вилоят гуфт, ҳамла дар волусволии Қалъаи Зол субҳи 11 июн дар ҳоле сурат гирифт, ки кормандони амниятӣ барои суҳур дар моҳи шарифи Рамазон ҷамъ омада буданд.


Субҳи 11 июн шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти шарқии Нангарҳор низ мавриди ҳамла қарор гирифт. Тафсилоти ҳамла рӯи даст нест. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, афроди мусаллаҳ ба идораи маорифи шаҳр ҳуҷум карданд


Дар вилояти Ғазнӣ бошад, бар асари ба минаи рӯираҳ бархӯрдани микроавтобус шаш нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи сухангӯи волӣ Ориф Нурӣ, миёни қурбониён занону кудакон ҳам ҳастанд. Се нафар ҷароҳат бардоштанд. Ориф Нурӣ афзуд, ки дар як задухӯрд миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин дасти кам се корманди полис ва даҳ ҷангии “Толибон” ба ҳалокат расиданд.

Читайте на сайте