World News in Tajik

ВАО: Трамп ба Макрон пешниҳод карда буд, ки аз ИА хориҷ шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, ба шарти берун бурдани кишвараш аз Иттиҳоди Аврпуо созиши тиҷоратӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора матбуоти амрикоӣ рӯзи 29 июн хабар дод.


Манбаи нашрияи Washington Post мегӯяд, 24 апрел, ҳангоми мулоқоти ду раҳбар дар Кохи сафед, Трамп эҳтимоли берун рафтани Фаронса аз Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кард. Президент гӯё дар иваз ба Макрон созиши тиҷоратӣ бо шароити беҳтар аз Иттиҳоди Аврпуоро пешниҳод кардааст. Ин маълумотро манбаҳои CNN низ тасдиқ мекунанд.


Кохи сафед аз шарҳи ин хабар даст кашид, аммо ҳамзан онро такзиб ҳам накард.


Маҷаллаи Newsweek  ёдовар мешавад, ки Фаронса ва Олмон нерӯи пешбаранади Иттиҳоди Аврупо номбар мешаванд. Президенти Фаронса борҳо ба ҳамоиш ва зарурати ислоҳот дар Иттиҳоди Аврпуо таъкид кардааст.

Читайте на сайте