World News in Tajik

Боздошти муовини сартабиб бо пора барои озод намудани сарбоз

Як масъули беморхонаи ҳарбии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба иттиҳоми сӯистифода аз мақом ва гирифтани пора барои озод намудани сарбози қатории яке аз қисмҳои низомӣ, боздошт шудааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 8-уми август хабар дод, ки Ғиёсиддин Абдураҳмонов, муовини сартабиби беморхонаи ҳарбии шаҳри Бӯстон аз шаҳрванд "А" барои озод намудани сарбози қатории қисми низомии №04080-и вазорати мудофиа дар шаҳри Конибодоми бинобар сабаби беморӣ  22 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин табиб дар се ҳолат 17 ҳазор сомониро гирифта ва 5 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ дар пайи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ, муовини сартабиби бемористони ҳарбии Бӯстон дар дохили ошхонаи "Эҳром" дар ҳамин шаҳр ҳини гирифтани пул боздошт шуд. Мақомоти ин ниҳод мегӯяд, ки алайҳи Ғиёсиддин Абдураҳмонов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Читайте на сайте