Зани 73-солаи хатлонӣ ба хотири қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуд
одгоҳи шаҳри Бохтар ҳукмашро нисбати зани 73 сола, ки сокини вилояти Хатлон аст эълон намуд. Маъмурони Идораи мубориза бо маводи мухаддири вилоят Раҳбар Аминоваро баҳори имсол дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ ду нафари дигарро ҳам барои кочоқи нашъа боздошт намуданд.