World News in Tajik

Имрон Хон ба ҳайси нахуствазири Покистон интихоб шуд

Порлумони Покистон рӯзи 17-уми август Имрон Хон – раҳбари ҳизби Таҳрики инсофро ба унвони нахуствазири он кишвар интихоб кард.


Имрон Хон дар овоздиҳии порлумони Покистон тавонист, ки аз миёни 342 узви маҷлис ҳимояти 186 нафаро соҳиб шавад. Вай барои пирӯзӣ ба ҳамагӣ 172 овоз ниёз дошт.


Ҳизби Таҳрики инсоф дар интихоботи 25-уми июли имсол дар Покистон курсиҳои бештари маҷлисро аз они худ карда буд.


Қарор аст, Имрон Хон пас аз адои маросими савгандёкунӣ корро ба ҳайси нахуствазири нави Покистон шуруъ кунад.

Читайте на сайте