World News in Tajik

Чин марзашро бо Қирғизистон баст

Аз 22 то 26 август гузаргоҳҳои "Торугарт" ва "Иркештам" дар марзи байни Чину Қирғизистон баста мешавад. Басташавии марз бо ташаббуси Чин сурат мегирад. Дар ин бора хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.


Равуои шаҳрвандон ва мошинҳо 27 август аз сар гирифта хоҳад шуд.


Дар марзи байни Қирғизистон ва Чин ду гузаргоҳ "Иркештам" ва "Торугарт" фаъолият мекунад.


Чин ба таври анъанавӣ марзашро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Муғулистон ҳамчунин дар моҳҳои февралу октябр мебандад. Чиниҳо дар ин моҳҳо соли нав ва солгарди ташкилшавии давлаташонро таҷлил мекунанд.

Читайте на сайте